Дарси 6: Тафтиши бастҳои пӯшидашуда ва назорати хазина аз ҷониби муҳосиб
Дарси ҷамъбастӣ махсус барои муҳосибон (бухгалтерҳо) ва роҳбарони тиҷорат омода шудааст.
Дар ин видео мо меомӯзем:
Чӣ гуна бастҳои (сессияҳои) пӯшидашударо дар система пайдо карда, тафтиш намоем.
Дидани рӯйхати маҳсулотҳои фурӯхташуда ва фармоишҳо (Orders) дар дохили як баст.
Санҷиши амалиётҳои пулии кассир (Cash In / Cash Out) ва хондани эзоҳҳои онҳо (масалан, баргардонидани қарз аз ҷониби мизоҷ ё хароҷотҳо).
Имконияти идоракунии якчанд нуқтаҳои савдо (мағозаи хӯрокворӣ, мағозаи либоса, тарабхона/кафе) дар як базаи ягонаи Odoo.
Рейтинг
0
0
На данный момент комментарии отсутствуют.
Присоединяйтесь к этому курсу
чтобы первым оставить комментарий.
1.
Саволи 1: Барои тафтиш кардани савдои рӯзҳои гузашта ва кори кассир, муҳосиб бояд ба кадом қисмати модули "Нуқтаи савдо" дарояд?
2.
Саволи 2: Агар хазинадор дар давоми рӯз амалиёти ворид ё хориҷ кардани маблағро (Cash In / Out) иҷро карда бошад, оё муҳосиб сабаби онро дида метавонад?
3.
Саволи 3: Барои дидани рӯйхати аниқи ҳар як моли фурӯхташуда ва чекҳои мизоҷон дар дохили як баст, муҳосиб кадом тугмаро пахш мекунад?
4.
Саволи 4: Мувофиқи маълумоти дарси шашум, оё дар системаи Odoo мумкин аст, ки дар як вақт ҳам мағозаи хӯрокворӣ ва ҳам тарабхонаро (ресторан) идора кунем?