Дарси 1: Кушодани баст ва савдои аввал
Дар ин дарси муқаддамотӣ мо асосҳои кор бо модули "Нуқтаи савдо" (POS)-ро дар системаи Odoo меомӯзем:
Тарзи дуруст кушодани баст (смена) ва ворид кардани пули нақди ибтидоӣ ба хазина (масалан, 100 сомонӣ ҳамчун бақияи саҳарӣ).
Интихоби маҳсулот (пирожни, нон, самбӯса) ва тағйир додани миқдори онҳо дар чеки мизоҷ.
Раванди пардохт (Оплата): қабули пули нақд ва анҷом додани савдо.
Тартиби дидани таърихи фармоишҳои (заказҳои) қаблӣ тавассути тугмаи "Деталҳо".
Фаҳмондадиҳӣ оид ба он, ки чаро тугмаи "Возврат"-ро набояд бе сабаби баргардонидани мол пахш кард.
Rating
0
0
There are no comments for now.
Join this Course
to be the first to leave a comment.
1.
Саволи 1: Ҳангоми кушодани басти нав (смена) дар "Нуқтаи савдо"-и Odoo, пеш аз оғози фурӯш кадом амал иҷро карда мешавад?
2.
Саволи 2: Агар муштарӣ ба ҷои як адад, якбора якчанд адад маҳсулот (масалан, 3 самбӯса) хариданӣ шавад, дар равзанаи савдо чӣ гуна миқдорро тағйир медиҳем?
3.
Саволи 3: Барои анҷом додани амалиёти савдо ва қабули маблағ аз муштарӣ, кадом тугмаи асосӣ пахш карда мешавад?
4.
Саволи 4: Агар шумо хоҳед, ки чеки фурӯхташударо аз нав бинед ва маълумоти муфассалро (чиҳо фурӯхта шуд) пайдо кунед, чӣ кор бояд кард?
5.
Саволи 5: Тугмаи "Возврат" (Бозгашт)-ро дар менюи заказҳо дар кадом ҳолат истифода бурдан дуруст аст?