Skip to Content
Содержание курса

ДАРСИ №3: РАВИШҲОИ МЕТОДОЛОГӢ (СЕ СУТУНИ БАҲОДИҲӢ)

Дарси 3: Равишҳои методологӣ (Се сутуни баҳодиҳӣ)

Дарси сеюм ба «бунёд»-и баҳодиҳии касбӣ — се равиши классикӣ бахшида шудааст. Шумо на танҳо номгуи методҳоро меомӯзед, балки тарзи интихоби асосноки онҳоро вобаста ба хусусиятҳои амволи гаравӣ аз худ мекунед.

Шумо аз ин дарс чӣ меомӯзед:

  • Равиши муқоисавӣ: Чӣ тавр истифода бурдани маълумоти Somon.tj барои баҳодиҳии автомобилҳо ва квартираҳо. Мо математикаи ислоҳҳо (корректировка)-ро барои масофаи тайшуда (пробег), ҳолат ва савдо дар мисоли Toyota Camry таҳлил мекунем.

  • Равиши хароҷотӣ: Чӣ тавр баҳо додани таҷҳизоти нодир ё заводҳо, вақте ки бозори молҳои истифодашуда (б/у) мавҷуд нест. Мо ҳисоб кардани фарсудашавиро меомӯзем ва «ҳадди болоии» арзишро муайян мекунем.

  • Равиши даромадӣ: Чӣ тавр пардохтҳои иҷораро ба арзиши бозории амволи ғайриманқул табдил диҳем. Формулаи капитализатсияи мустақимро барои марказҳои савдо ва офисҳо баррасӣ мекунем.

Маҳорати калидӣ: Пас аз гузаштани ин дарс, шумо метавонед мустақилона дурустии ҳисобҳоро дар ҳисоботи баҳодиҳӣ тафтиш кунед ва арзиши гаравиро дар назди кумитаи қарзӣ ҳимоя намоед.

Статуси дарс: Нашр шудааст

Рейтинг
0 0

На данный момент комментарии отсутствуют.

чтобы первым оставить комментарий.

1. Саволи 1: Шумо кадом равишро барои баҳодиҳии экскаваторе интихоб мекунед, ки аналогҳои фурӯши он дар минтақаи шумо мавҷуд нестанд?
2. Саволи 2: Шумо иншооти анборро баҳодиҳӣ карда истодаед, ки ба иҷораи дарозмуддат додани он ба нақша гирифта шудааст. Кадом равиш барои муайян кардани ҷолибияти инвеститсионии гарав бештар асоснок хоҳад буд?
3. Саволи 3: Ҳангоми баҳодиҳии автомобили Mercedes-Benz соли бароришаш 2021, баҳогузор 10 пешниҳоди якхеларо дар бозор пайдо кард. Кадом равиш натиҷаи дақиқтарини арзиши бозориро медиҳад?
4. Саволи 4: Дар доираи кадом равиш ҳисоби фарсудашавии ҷамъшудаи физикӣ ва функсионалӣ аз арзиши объекти нав марҳилаи ҳатмӣ мебошад?
Дополнительные ресурсы
Присоединяйтесь к этому курсу для доступа к ресурсам